Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай
5-уми июни соли 2026 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин намояндагони мақомотҳои доимии ин созмон, Интерпол ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ширкат доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вазирони корҳои дохилӣ дар фазои ошкоро ва дӯстона доир ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.
Ғайр аз ин, табодули афкор дар бораи таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба рушди босуръати технологияҳои рақамӣ сурат гирифт.
Ҷонибҳо аҳамияти таъмини амнияти иттилоотӣ ва тақвияти ҳамкории самаранокро дар мубориза бо таҳдидҳо дар фазои киберӣ таъкид карданд.
Бар асоси рӯзномаи ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои мубодилаи назарҳо ва пешниҳодҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқӣ баррасӣ карданд. Ҷиҳати мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, бартараф кардани омилҳои муосире, ки барои амният хатарноканд ва тақвияти чораҳои ҳамоҳангшуда диққати махсус дода шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содир мешаванд, ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Иштирокчиён аҳамияти таҳияи чораҳои самараноки мубориза бо киберҷинояткорӣ ва васеъ кардани ҳамкории амалии пешгирӣ ва мубориза бо қонуншиканӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъиро қайд карданд.
Дар хотима, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протокол ба имзо расид.
Ҷаласаи мазкур дар фазои дӯстӣ, эътимоди ҳамдигар ва ҳамкорӣ анҷом пазируфт.
Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Искандар Муъминӣ, вазири федеролии корҳои дохилӣ ва назорати маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Муҳсин Ризо Нақвӣ ва ҳайати намояндагони ин ниҳодҳо мулоқот намуданд.
Инунин, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколсев Владимир Александрович, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус генерал-лейтенанти милитсия Кубраков Иван Владимирович, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистан генерал-лейтенант Тошпулатов Азиз Анварович, муовини вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии халқии Хитой ЛЮ Утсин, инчунин бо котиби генералии ИНТЕРПОЛ Валдеси Уркиза сӯҳбатҳои хоса анҷом дод.















