Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо вазири федеролии корҳои дохилӣ ва назорати маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Покистон

Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи навбатии вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири федеролии корҳои дохилӣ ва назорати маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Муҳсин Ризо Нақвӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот итминон карда шуд, ки ҳамкориҳо дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рушду густариш меёбанд.
Ҷонибҳо масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, киберҷиноятҳо ва амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

05.06.2026 16:21
116