Азонихудкунии маблағи масрафи барқ
Аз ҷониби кормандони милитсия дар кирдори шаҳрванд Мирзоев Л.С., соли таваллудаш 1977 сокини ноҳияи Кӯшониён азонихудкунии маблағи масрафи барқ ошкор карда шуд.
Номбурда аз соли 2020 то соли 2025 дар вазифаи назоратчии Шабакаҳои барқи ноҳияи А.Ҷомӣ кор ва фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш маблағҳои истифодаи қувваи барқро аз 36-нафар муштариён аз 100 сомонӣ то 1900 сомонӣ ҷамъ 8 ҳазору 335-сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Ба ин монанд шаҳрванд Ғуломов Д.Р., соли 1982 сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ки ба ҳайси назоратчии Шабакаҳои барқи ноҳияи Дустӣ фаъолият мекард, ба ҷиноятӣ азонихудкунии маблағҳои ҳаққи истифодаи қувваи барқ даст задааст. Номбурда, маблағи қувваи барқро дар 113-ҳолат аз истифодабарандагон аз 50-сомонӣ то 500-сомонӣ, ҷамъ 15 ҳазору 794-сомонӣ ҷамъоварӣ карда, ба онҳо расидҳои бонкии пардохтнашударо дода, маблағҳои ҷамъовардашударо азонихуд намудааст.
Тибқи хулосаи филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар ш.Бохтар, 113-адад расидҳои пардохти қувваи барқи додашуда, Ғуломов Д.Р, расидҳои нусхавӣ (дубликат) буда, дар барномаи билингии ҷамоати мазкур ворид нагардидаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта, барои оғози парвандаи ҷиноятӣ тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

















