Дуздӣ аз дохили воситаи нақлиёт
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Саидзода Ф.Қ.. соли таваллудаш 2000 сокини шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда санаи 24 майи соли 2026 шабона аз дохили автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба шаҳрванд Муминов М.М., сокини шаҳри мазкур тааллуқ дошта, дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 16 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Оид ба ҳолати мазкур бо дастрасии моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.















