Авбошӣ аз ҷониби ҷавонзан
Шаҳрванд Чангатаева М.А., соли таваллудаш 2003 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рудакӣ санаи 4-ми июни соли 2026 тахминан соати 00:30 дақиқа дар дохили қаҳвахонаи “Небо”, воқеъ дар кӯчаи Яккатути ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳиссиёти авбошӣ ба шаҳрванд Мусулмонова Р.Ҳ., соли таваллудаш 2005 сокини ноҳияи Фирдавсӣ ҷангу муноқиша карда, ӯро лату кӯб кардааст. Чангатаева М.А., бо ин кирдори худ қаноат накарда, дари даромадгоҳро шикаста, шишапораро гирифта Мусулмонова Р.Ҳ.-ро таҳдид кардааст. Шаҳрванд Саидов М., соли таваллудаш 2003 сокини шаҳри Душанбе, ки мехост онҳоро халос намояд, Чангатаева М.А., бо шишапораи дар дасташ буда, дасти чапи ӯро захмӣ намудааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















