ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО АҲОЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Санаи 04 июни соли 2026 дар толори Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани самаранокии ҳамкории милитсия бо аҳолӣ дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор, раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимзода Хотам Акрам, намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон Абдуллоев Баҳром, намояндагони шӯроҳои ҷамъиятии минтақа ва ноҳияи Рашт, муовинони сардорони ШВКД оид ба хизмат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва мақомоти маҳаллӣ иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён доир ба нақши ҳамкории милитсия ва ҷомеа дар таъмини амният, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва фаъолгардонии фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ ибрози назар намуданд. Ҳамчунин таҷрибаи амалии ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани ин раванд манзур гардиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ байни иштирокчиён мубодилаи озоди афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории милитсия ва ҷомеа баррасӣ шуданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин мулоқоту нишастҳо барои рушди ҳамкориҳои судманд, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аҳамияти хос дорад. Чорабинӣ дар фазои созанда ва сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.



















