Дуздӣ
Ба ШВКД 1 дар ноҳияи Сино аризаи шаҳрванд Шокиров Б. Ҷ. соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандаи кӯчаи А.Навоии ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 25-уми майи соли 2026 шахсони номаълум ба анборхонаи ҶДММ “Симрон” воқеъ дар ноҳияи Сино, кӯчаи Ҷ.Расулов, ворид шуда, аз он ҷо 1-адад таҷҳизоти обкунандаи метали оҳанинро дуздида, аз ҷои ҳодиса фирор намуданд. Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Олимзода М.С., соли таваллудаш 2006 сокини ноҳияи Ҳамадонӣ содир кардааст.
Инчунин, шаҳрванд Назарзода Ф.А., соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи ноҳияи Балҷувон бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аз заминҳои чарогоҳи деҳаашон 2-сар чорвои калони шохдори Олимов А.Б.-ро дуздида, ба ҷабрдида 25 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Оид ба ҳолатҳои ҷойдошта бо дастрасии моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон павандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.



















