Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрвандон Яҳёев М.Ш., соли таваллудаш 2006 ва Салимов М.Р. соли таваллудаш 2002 сокинони ноҳияи Рӯдакиро бо гумонбарӣ дар ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг боздошт намуданд.
Гумонбарон, 1-уми июни соли 2026 тахминан соати 23:30 дақиқа дар кӯчаи Ш.Шоҳтемури пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо шаҳрванд Юсупов А.И. соли таваллудаш 2004 сокини ноҳияи И.Сомонӣ муноқиша намуда, Яҳёев М. бо истифода аз корд ба қафаси синаи Юсупов А. як маротиба зарба задааст. Дар натиҷа Юсупов А. бо бардоштани ҷароҳат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, шаҳрванд Каримов Б.М., соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандаи деҳаи Сафедтеппаи ноҳияи Спитамен аз ҷониби кормандони милитсия барои содир кардани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 1-уми июни соли 2026, тахминан соати 20:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, ҳангоми дар бошишгоҳи саҳроии «Холбек-Бобо»-и ноҳияи Спитамен қарор доштан, бо Искандаров Ҷ.А., соли таваллудаш 1988 муноқиша намуда, якдигарро лату куб кардаанд. Сипас, Каримов Б.М., бо истифода аз зарфи шишагии нушокии спиртӣ ба сари Искандаров Ҷ.А., зарба зада, ба саломатии номбурда зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.














