Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими кушодашавии озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат»

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт 2-юми июни соли 2026 дар ҶСК «Шоҳамбарӣ»-и шаҳри Ҳисор маросими кушодашавии озмуни 12-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» бо иштироки кӯдакон ва наврасон баргузор гашт. 
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки озмуни «Нозирони навраси ҳаракат» омили муҳим ҷиҳати тарбияи ҳуқуқии наврасон дар самти риоя ва омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва барқарорсозии дустӣ байни онҳо мебошад. 
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ бахусус кӯдакону наврасон чораҳои зарӯрии беҳдоштию муҳофизатиро андешида ҳаёту саломатии ҳар як шаҳрвандро ҳифзу ҳимоя менамояд.
Дар озмун дастаҳои беҳтарини «Нозирони навраси ҳаракат» аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, донишу малакаи худро дар самти риоя ва тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба намоиш мегузоранд.
Ҳадафи асосии баргузории озмун баланд бардоштани фарҳанги ҳаракат дар роҳ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ дар байни наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакон мебошад. 
Муовини Вазири корҳои дохилӣ ба аъзоёни дастаҳо иштироки бомувафақият таманно намуд.

02.06.2026 16:57
53