Одамкушӣ
Шаҳрванди Афғонистон Давлат Зода Парвиз соли таваллудш 2001, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат 1-уми июни соли 2026, тахминан соати 12:00 бо падараш Давлат Зода Соҳибдод соли таваллудаш 1974 дар назди дӯкони фурӯши меваҷот вақеъ дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат муноқиша намуда, бо корди бо худ доштааш 1-маротиба ба қафаси сина ва 1-маротиба ба пушти падараш зарба задааст, ки дар натиҷа Давлат Зода Соҳибдод аз ҷароҳатҳои бардоштааш, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояти махсусан вазнинро ошкор ва содиркунандаи онро дарҳол дастгир намуданд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.















