Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

31-уми майи соли 2026, тахминан соати 21:50 дақиқа, ронандаи мототсикл Алимардонов Сафархон Исмонович соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Темурмалик ҳангоми ҳаракат дар роҳи калони деҳаи Гурдондеҳи ҷамоати деҳоти Гурдоварони ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, пиёдагард Ибрагимов Тоҷиддин Убайдуллоевич соли таваллудаш 2005 сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард Ибрагимов Т.У., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 1-уми июни соли 2026, тахминан соати 07:10 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КИА К-5” Абдураҳимов Муҳамадалӣ Абдукаримович соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сомонӣ ба самти кӯчаи Борбади ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи мағозаи хӯроквории «Азия» пиёдагард Сафаров Сайвалӣ Сафарович соли таваллудаш 1981, сокини пойтахтро, ки роҳро дар ҷои номуайян мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Сафаров С.С., ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

02.06.2026 11:38
37