Садамаҳои нақлиётии марговар
31-уми майи соли 2026, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи барқии тамғаи «BYD» Исмоилов Фирдавсҷон Хуррамҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамаоти деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат кардан дар киломатри 330-юми шоҳроҳи автомобилгарди «Душанбе-Чанноқ-Хуҷанд», аз самти ноҳияи Мастчоҳ ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай-СантаФе», ки таҳти идораи Юсуфзода Саид Ҳоҷиқурбон, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Мастчоҳ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандагони ҳарду автомашина ва мусофири автомашинаи тамғаи «Хундай-СантаФе» Ғафурӣ Меҳриддин Садридинзода соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин, мусофирони автомашинаи барқии тамғаи «BYD», Исманов Ҷамшед Хуршедович соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Хуҷанд ва Аҳмадов Муродҷон Алишерович соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Б,Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни чисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
31-уми майи соли 2026, тахминан соати 11:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенз», Акобирзода Ҷасур Нуралӣ соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат ҳаракат намудан дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, дар вақти сабқат намудан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Донгфен Л-7”, ки таҳти идораи ронанда Қодиров Абдурашид Расулович соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Фархор қарор дошт, бархурда, баъдан бо қисмати росташ ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи “Лексус” бархурдаааст.
Дар натиҷа, мусофири автомакшинаи мазкур Одинаева Фотима соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Муъминобод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Акобирзода Ҷ.Н., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
31-уми майи соли 2026, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан-Шакман”, Мирвосидов Мираҳрор Мирбафоевич соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, шаҳрванд Камолов Нормурод Эмомқулович соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Хуросонро, ки бо дучарха аз роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа Камолов Н.Э., дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















