Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Шаҳрванд Тоҳирзода Ш.Т., ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза, муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2026, шаҳрванд Пирмаҳмадов Н.Н., соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4 адад автомашинаҳои гуногунтамғаро ба маблағи 632 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағи онҳоро дар мудати кӯтоҳ пардохт мекунад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати худ сарф намудааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаҳрванд Исоев С.А., соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Истаравшан 10-уми январи соли 2025, тахминан соати 08:00 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Саидов С.Р., соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе даромада, бо баҳонаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон сохта ба истифода додани коргоҳи коргарди коғаз аз ӯ 440 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати худаш сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

01.06.2026 11:01
55