Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо хонандагон ва падару модарони онҳо

29 майи соли 2026 дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо бо хонандагони  муассисаҳои таълимии №55 ва №20 ва волидайни онҳо вохӯрӣ доир намуд.
Дар чорабинӣ, инчунин, мушовири калони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур, роҳбарияи Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, масъулини самти кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт ва намояндагони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ вобасата ба тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону омӯзгорон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дури ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханронӣ намуда, ҷавононро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят кард. Инчунин, аз содиршавии қонуншиканӣ, амалу кирдори хилофи қонун дар байни ҷавонон ва дигар амалҳои ношоиста мисолҳо оварда, оқибатҳои зараровари чинин кирдорҳоро шарҳ дод.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо наврасон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад. Ҳар яки шуморо мебояд дар партави сиёсати маорифпарварони Пешвои муаззами миллит бо истифода аз тамоми шароит ва имкониятҳои фароҳам овардашуда маънавиёту маърифат ва донишу истеъдоди худро такмил дода, дар оянда роҳи дурурсти зиндагиро интихоб намоед.
Баромадкунандагон, инчунин масъалаҳои пешгирии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни наврасону хонандагон, пешгирии истеъмоли маводҳои нашъаовар ва машруботи спиртӣ, истифодаи тамокӯ, машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ, баланд бардоштани маърифати истифодаи шабакаҳои интернетӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлубро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки наврасонро мебояд ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, фарҳанги дуруст истифода намудани онро дониста, вақти пурқиммати худро беҳуда сарф накунанд.
Сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Сатторзода Дилшод аз чунин як вохӯрии судманд изҳори сипосу миннатдорӣ баён доштд.
Абдулло Шоҳиён

29.05.2026 18:09
59