Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

Ба ШВКД дар ноҳияи Балҷувон аризаи шаҳрванд Раҳмонов А.Р., соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шахсони номаълум аз торикии шаб ва набудани атрофиён истифода бурда, дӯкони фурӯши маводи хӯрокворӣ ва машруботи спиртиашро қасдан оташ зада несту нобуд кардаанд.
Дар натиҷа ба Раҳмонов А.Р., ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Одинаев Ҷ.С., соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Ҳолати мазкур мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

29.05.2026 15:00
29