Ҳамкориҳо тақвият меёбанд
Дар асоси нақша-чорабиниҳои баргузории вохӯриҳо вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавононону наврасон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо бо падарону модарони хонандагон ва муҳассилини муассисаҳои №1 ва №6 ноҳияи мазкур вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохурӣ, масъалаҳои пешгирии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни наврасону хонандагон, пешгирии истеъмоли маводҳои нашъаовар ва машруботи спиртӣ, истифодаи тамокӯ, машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ, баланд бардоштани маърифати истифодаи шабакаҳои интернетӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар чорабинӣ инчунин роҳбарияти Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, масъулини самти кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт ва намояндагони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд.

















