Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошӣ

Шаҳрванд Ҷайлоев Б.С., соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ки  пеш бо моддаҳои 158 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ва 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, боз бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар ҳолати мастӣ 25-уми майи соли 2026, тахминан соати 23:00 дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Бохтар бо шаҳрванд Гулов Б.А., соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур муноқиша намуда, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисмати даст ва 1-маротиба ба қисмати пойи ҷабрдида зарба зада, ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати Ҷайлобов Б.С., бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот ба роҳ монда шудааст.

28.05.2026 12:36
34