Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

25-уми майи соли 2026, тахминан соати 16:00 ронандаи мотосикли барқии боркаши тамғаи “Вахш” Ҳамдамов Додарбек Сафарбекович соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди шаҳраки Хуррамшаҳри ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, дар худуди деҳаи Ҳақиқати ноҳияи мазкур ба самти муқобили роҳ баромада, ҳангоми бо суръати баланд гардиш намудан, мототсикл чаппа шуда, баъдан ба  автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”, ки ба  Баротов Чурабек Маҳмадисоевич соли таваллудаш 1988, сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад ва дар канори роҳ беназорат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мототсикли барқӣ Ҳамдамов Д.С., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.

26.05.2026 13:46
59