Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонуни ҳай карда бурдани автомобил

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи шаҳрванд Шокиров Н.Т., соли таваллудаш 1993 сокини ноҳияи Файзобод ворид гардидааст, ки 15-уми апрели соли 2026, тахминан соати 01:00 шаҳрванд Ҷумаев Умед Боймуҳаммадович соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, автомашинаи шахсиаш тамғаи “БМВ Х-5”, ки дар кӯчаи Ҳосилоти ноҳияи мазкур беназорат меистод ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба садама дучор  шудааст. 
Дар натиҷа ба Шокиров Н.Т., 320 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот ба роҳ монда шудааст.

26.05.2026 13:40
34