Намоиш – фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ба муносибати Иди Ќурбон дар Раёсати ВКД вилояти Суғд
Субҳи рӯзи 25 май бахшида ба фарорасии иди Қурбон бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар саҳни Раёсат барои кормандон намоиш – фурӯши маҳсулоти хурока ва ниёзи аввал ташкил карда шуд. Масъулини шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар баробари пешниҳоди маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчунин бо ҷалби хоҷагидорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ маҳсулоти гуногунро бо нархи дастрас ва нисбат ба бозор ва марказҳои савдо аз 20% то 40% арзон пешкаши кормандон намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ташкили ярмарка ба муносибати иду ҷашнвораҳо дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд мунтазам баргузор мегардад.




















