Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйир додани иттилооти компютерӣ

Шаҳрванд Раҳимов М.С., соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тағйир додани иттилооти компютерӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршавада аз моҳи июни соли 2019 то ин ҷониб дар вазифаи назоратчии барқ дар шабакаҳои барқии ноҳияи Данғара кору фаъолият карда, дар давраи  фаъолияти кориаш солҳои 2025-2026 маълумотҳои баръало бардурӯғро ба суратҳисоби 138-нафар сокинони  деҳаи Меҳтари ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи мазкур барои истифода ҷамъ 73 ҳазору 69 киловат соат қувваи барқ ворид карда, 30 ҳазору 228 сомониву 19-дирам изофанависӣ кардааст ва ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”дар минтақаи Кӯлоб зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати Раҳимов М.С., бо қисми 1 моддаи 299 ва қисми 2 моддаи 340 Кодексаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 

25.05.2026 11:13
64