Дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи шаҳрванд Шарипов С.Ф., соли таваллудаш 1969 сокини ноҳияи Кӯшониён дар он хусус ворид гардидааст, ки 1-уми майи соли 2026, тахминан соати 11:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди молбозори ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар дучархаи барқиаш (Скутер)-ро дуздидаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 15-сола сокини шаҳри Левакант содир намудааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.


















