Ғоратгарӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Абдураҳмонов Ҷ.А., соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми майи соли 2026, тахминан соати 15:00 ҳангоми дар кучаи М.Мастонгулови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор доштанаш тариқи ошкоро аз дасти ноболиғ Илҳомидинзода С.Ш., соли таваллудаш 2018, сокини пойтахт як адад дучархаи тамғаи «ТРИКС»-ро тасарруф намудааст.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
















