Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

20 майи соли 2026 дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.    Дар кори ҷаласа Шодиён Исматулло Раҳматуллозод  котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидиён Орзу Зубайдулло мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Вализода Илҳомиддин  Сироҷиддин  муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Тоҷиддин Абдуллоевич  муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳобзода Абдураҳмон  муовини якуми директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳои минтақа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Ҷаласа дар доираи баррасии масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати динӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ифротгароӣ, таҳкими ҳамгироии ҷомеа ва фаъол гардонидани корбарии шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардид.
Шодиён Исматулло Раҳматуллозод  котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози назар намуд.    
Сипас, раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ноҳияи Рашт хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ёдовар гардид.
Дар идома, Ҳамидиён Орзу Зубайдулло  мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вобаста ба сиёсати иҷтимоии давлат ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи кишвар суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин  муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи кунунии ҷомеа, масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуби экстремистиву террористӣ суханронӣ кард.
Инчунин иштирокчиён вобаста масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, баланд бардоштани маърифати динӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ, масъалаҳои марбут ба таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирӣ, омӯзиши дурусти арзишҳои динӣ ва муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ, доир ба масъалаҳои таъмини амният, ҳифзи суботи ҷомеа ва ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ андешаронӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа миёни иштирокчиён музокира ва саволу ҷавоб баргузор гардида, пешниҳодҳои судманд оид ба беҳтар намудани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ манзур карда шуданд.

20.05.2026 15:04
79