Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешсудшуда боз ба дуздӣ даст зад

Раҷабов С.А., соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Сино ба ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намудааст, ки 15-уми майи соли 2026, тахминан соати 20:10-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 17-промакс”, ки арзишаш 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Бобиев Х.М., соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ки пеш 3-маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дуздӣ суд шудааст, боз бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.

20.05.2026 11:11
26