Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаҳрванд Холиқулов Бахтиёр Маркабоевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Мастчоҳ 14-уми майи соли 2026, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур бо шаҳрванд Ҳамдамов И.О., соли таваллудаш 2001, сокини ҳамин ноҳия муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо истифода аз санг як маротиба ба қисмати фарқи сари Ҳамдамов И.О., зарба зада, ба саломатии номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Тибқи маълумотномаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи  ҷабрдида, ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати  Холиқулов Бахтиёр бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

20.05.2026 11:06
39