Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳдиди куштан

Милитсия дар кирдори шаҳрванд Ҳомидов А.А., соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Хуҷанд ҷинояти таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатиро  муайян намуд, ки дар моддаи 120  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Гумонбаршаванда дар суроғаи шаҳри Хуҷанд кучаи И.Сомонӣ ба раванди фаъолияти  сохтмончиёни ширкати сохтмони ҶДММ «Қудрат 2010» халал расонида, эрод гирифтааст. Сипас, бо шаҳрванд Рустамшозода С.Р., соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Хуҷанд муноқиша намуда, аз манзили истиқоматиаш 1-адад достро гирифта омада, ӯро таҳдиди куштан кардааст ва ба узвҳои шаҳрванд Рустамшозода С.Р., зарба зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати Ҳомидов А.А., парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

19.05.2026 9:52
58