Дуздӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Турсунов М.Қ., соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Спитамен бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми майи соли 2026, тахминан соати 13:10 дақиқа, аз дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», ки ба шаҳрванд Аловитдинов Н.К., соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад ва дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов беназорат меистод, 22-ҳазору 600-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати Турсунов М.Қ., бо қисми 3 моддаи 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















