Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи наклиётии  марговар

15-уми майи соли 2026, тахминан соати 00:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ХОВО”, Самариддини Файзалӣ Раҷабзод, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди мавзеи Боғчаи ҷамоати деҳоти Боғчаи ноҳияи Муъминобод, аз самти ноҳияи Муъминобод ба самти шаҳри Кӯлоб ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Лексус RX 400Н”, ки таҳти идораи Ҳабибов Ҳофиз Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Кӯлоб қарор дошт бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX 400Н” Ҳабибов Х. Х., ба саломатиаш ҷароҳат бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст ва мусофирони дигари автомашинаи мазкур Бурихонзода Сайфуддин, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Восеъ ва Зоирзода Шаҳриёри Шодӣ, соли таваллудаш 2002,  сокини ноҳияи Муъминобод ба саломатиашон ҷароҳати гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

16.05.2026 8:30
62