БАДАХШОН - МИНТАҚАИ ҶОЛИБИ САЙЁҲӢ
Соҳаи сайёҳӣ дар шароити муосир яке аз бахшҳои сердаромад ва босуръат рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа ва такмили сиёсати давлатии идоракунии он аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ соли 2017 чунин таъкид намуданд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми таъминкунандаи шуғли аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар бахшҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолот, инчунин муаррификунандаи таърих, фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ мебошад».
Бо дарназардошти аҳамияти ин самт, Пешвои миллат соли 2018-ро дар ҷумҳурӣ «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ба рушди бештари соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Қобили зикр аст, ки дар даҳсолаи охир сайёҳӣ дар миқёси ҷаҳонӣ мавқеи хос касб намуда, бо гуногуншаклӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои мухталиф пайваста рушд ёфта истодааст. Бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳо ва фароҳам гардидани имкониятҳои нави иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо назардошти зарурати рушди инфрасохтори деҳот, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2019–2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд, ки ба рушди бесобиқаи соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда истодааст.
Рушди имрӯзаи соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир ин соҳа бо дастгирии давлат ва ҷалби сармоягузорӣ тадриҷан рушд намуда, ба яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани низоми соддакардашудаи раводид ва раводиди электронӣ барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар, инчунин имкони воридшавии бераводид барои як қатор давлатҳо, ба афзоиши шумораи сайёҳон мусоидат намуда истодааст.
Аз нигоҳи захираҳои табиӣ, Тоҷикистон дорои имкониятҳои ғании сайёҳӣ мебошад. Хусусан, минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кӯҳҳои баланд, пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва манзараҳои нотакрори худ аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Ин ҳама барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, экотуризм, сайёҳии табобатӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид ва имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.
Таъриху фарҳанги куҳани Бадахшон аз ҷумлаи омилҳои муҳиме ба шумор меравад, ки сайёҳонро аз гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон ба ин минтақа ҷалб мекунад. Ин сарзамин дар гузашта бахши муҳими Роҳи бузурги Абрешим буд, ки тавассути он на танҳо молу маҳсулот, балки илму дониш, ҳунар, дин ва андешаҳои фалсафӣ миёни Шарқ ва Ғарб мубодила мегардиданд.
Қалъаҳои бостонӣ, ки имрӯз дар дараҳо ва бар фарози теппаҳои канори дарёи Панҷ ва шохобҳои он ҳифз шудаанд, ҳамчун ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ шоҳиди хомӯши давраҳои пурошӯби гузашта маҳсуб меёбанд. Ин иншооти қадима ҳамчун объектҳои муҳими сайёҳии таърихӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб намуда, ҳар як санги онҳо аз рушди тиҷорат, равобити байниминтақавӣ ва воқеаҳои таърихии замонҳои дур қисса мекунад. Ҳамзамон, чунин мероси гаронбаҳо барои рушди сайёҳии фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар муаррифии таъриху тамаддуни минтақа дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Бозёфтҳои археологӣ дар ин минтақа шаҳодат медиҳанд, ки дар ин сарзамини кӯҳсор ҳанӯз ҳазорон сол пеш тамаддунҳои пешрафта вуҷуд доштаанд, ки то имрӯз барои олимони соҳаи таърих ва бостоншиносӣ мавриди омӯзиши илмӣ ва таҳқиқ қарор доранд.
Тибқи маълумоти дар Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 зикршуда, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун яке аз минтақаҳои дорои иқтидори баланди сайёҳӣ эътироф мегардад. Ин минтақа бо дарёҳои пуртуғён, ҷӯйборҳои кӯҳӣ, кӯлҳои зебо, қаторкӯҳҳои баланд ва манзараҳои нотакрори табиӣ ҳамчун самти муҳими сайёҳии байналмилалӣ маъруф мебошад.
Рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилоят ба захираҳои ғании табиӣ, таърихӣ ва истироҳатӣ такя намуда, заминаи устувори ташаккули маҳсулоти сайёҳиро фароҳам меорад. Аз ҷумла, объектҳои маъруфи сайёҳӣ, ба мисли Кӯли Сарез, осоишгоҳҳои Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ ва Бибӣ Фотимаи Зуҳро, инчунин қаторкӯҳҳо ва пиряхҳои азими Помир, барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили экотуризм, сайёҳии табобатӣ, кӯҳнавардӣ ва сайёҳии гардишгарӣ имкониятҳои васеъ фароҳам месозанд.
Ин имкониятҳо ба тавсеаи бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд гардидани рақобатпазирии сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намуда, заминаи ҷалби сайёҳон ва сармоягузории хориҷиро фароҳам меоранд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди соҳавӣ, инфрасохтори сайёҳӣ дар вилоят тадриҷан рушд намуда, ба сатҳи сифатан нав баромада истодааст. Аз ҷумла, роҳҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ таҷдиду навсозӣ гардида, шумораи меҳмонхонаҳои хурд, хостелҳо ва хонаҳои қабули сайёҳон афзоиш ёфтаанд. Сатҳу сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ, аз ҷумла хизматрасонии меҳмоннавозӣ, роҳбаладӣ ва хизматрасониҳои гардишгарӣ мунтазам такмил ёфта, ба талаботи стандартҳои байналмилалии сайёҳӣ мутобиқ гаштаанд, ки ба зиёдшавии ташрифи сайёҳон оварда расонидааст.
Таҳлили омории рушди соҳаи сайёҳӣ дар ВМКБ дар солҳои 2021–2025 гувоҳӣ медиҳад, ки минтақа ба марҳилаи нави рушди босуръат ва устувори сайёҳӣ ворид гардидааст. Дар ин давра, ҳаҷми умумии ҷараёни сайёҳон аз 3 ҳазор нафар дар соли 2021 то ба беш аз 51 ҳазор нафар дар соли 2025 расида, афзоиши зиёда аз 17-каратаи бозори сайёҳиро таъмин намудааст. Ин тамоюли мусбат аз болоравии ҷолибияти сайёҳии минтақа, тавсеаи маҳсулоти сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори хизматрасониҳои соҳа шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, чунин афзоиш нишонаи тақвият ёфтани рақобатпазирии минтақа дар бозори сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ буда, барои рушди хизматрасониҳои меҳмоннавозӣ, роҳбаладӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ин раванд, тағйироти сохторӣ дар намудҳои сайёҳӣ низ ба таври равшан мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, бахши сайёҳии таърихию фарҳангӣ аз 231 нафар то ба 9524 нафар расида, афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳонро ба объектҳои мероси фарҳангӣ ва хатсайрҳои сайёҳӣ-фарҳангӣ нишон медиҳад.
Ҳамзамон, суръати баландтарини рушд ба дигар намудҳои сайёҳӣ, аз ҷумла экотуризм, сайёҳии гардишгарӣ ва сайёҳии тиббӣ рост омада, шумораи истифодабарандагони ин хизматрасониҳо дар соли 2025 ба 35564 нафар расидааст. Ин нишондиҳанда ҳиссаи асосии ҷараёни сайёҳонро ташкил дода, аз гуногунрангии маҳсулоти сайёҳӣ ва густариши бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ дарак медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон аз хориҷи кишвар барои боздид аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии ин вилоят ба Тоҷикистон сафар намуда, ба намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, экотуризм ва сайёҳии гардишгарӣ машғул мегарданд.
Дарҷ кардан зарур аст, ки соли 2013 яке аз объектҳои муҳими сайёҳии вилоят “Боғи миллии Тоҷикистон” ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардида, ҳамчун омили муҳим дар муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва рушди сайёҳии экологӣ нақши назаррас мебозад. Боғи мазкур бузургтарин минтақаҳои ҳифзшавандаи табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ, экосистемаҳои нодир ва захираҳои табиӣ таъсис дода шудааст.
Дар ҳудуди вилоят Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангии сайёҳии “Помир” ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии муҳими соҳаи сайёҳӣ амал намуда, дар рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақа нақши калидӣ мебозад. Он тавассути муттаҳид намудани субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои хурд, роҳбаладон ва ширкатҳои сайёҳӣ, ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва рақобатпазирии бозори сайёҳӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, фаъолияти ассотсиатсия ба рушди экотуризм, ҳифзи муҳити зист ва муаррифии мероси фарҳангии минтақа дар сатҳи байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар вилоят зиёда аз 50 меҳмонхонаҳои гуногун барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин аз рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ шаҳодат дода, ҳамзамон дар ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, хонаҳои қабули сайёҳон, ки дар заминаи манзилҳои сокинони маҳаллӣ ташкил гардидаанд, ба сайёҳон имконият медиҳанд, ки на танҳо аз шароити иқомат истифода баранд, балки бо фарҳанг, анъана ва расму ойинҳои миллии мардуми маҳаллӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.
Дар ҳудуди вилоят шабакаи муайяни муассисаҳои табобативу солимгардонӣ фаъолият намуда, ҳамчун ҷузъи муҳими инфрасохтори табобатӣ-барқарорсозии саломатӣ ва сайёҳӣ хизмат мекунанд. Ин муассисаҳо бо истифода аз захираҳои табиии шифобахш, аз ҷумла обҳои минералӣ ва шароити мусоиди иқлимӣ, дар ҷалби сайёҳон ва баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии минтақа нақши назаррас доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳудуди вилоят маҷмӯи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва зиёратгоҳҳо ба 251 адад мерасад, ки ҳамчун унсури муҳими мероси фарҳангӣ ва захираи асосии рушди сайёҳии фарҳангӣ арзёбӣ мегарданд. Тақсимоти ҳудудии ин ёдгориҳо нишон медиҳад, ки дар шаҳри Хоруғ 12 адад, дар ноҳияҳои Дарвоз 9, Ванҷ 15, Рӯшон 35, Ишкошим 76, Шуғнон 32, Мурғоб 15 ва Роштқалъа 51 адад ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ин нишондиҳандаҳо аз ғановати мероси таърихию фарҳангии минтақа шаҳодат дода, барои ташаккул ва рушди хатсайрҳои гардишгарии фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар натиҷаи таҳлил метавон хулоса намуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои иқтидори хеле баланди рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Захираҳои бойи табиӣ, мероси ғании фарҳангӣ, инфрасохтори тадриҷан рушдёбанда ва имкониятҳои васеи экотуризм ин минтақаро ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил додаанд. Бо вуҷуди ин, барои таъмини рушди устувори соҳа зарурати такмили минбаъдаи инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузории бештар боқӣ мемонад.
Сардори Коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия,
М. Нуруллозода
















