Ду ҳолати содир намудани ҷинояти дуздӣ ошкор гардид
Шаҳрванд Холдоров Н.М., соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми апрели соли 2026, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили бордони автомашини тамғаи «Опел-Астра», ки ба шаҳрванд Қодиров Ш.Л., соли таваллудаш 1974 сокини шаҳри Исфара тааллуқ дорад ва дар назди Бозори марказии шаҳри Исфара беназорат меистод, 22 ҳазор сомониро тасарруф кардааст.
Инчунин муайян гардид, ки Холдоров Н.М., бо ҳамин роҳ 13-уми марти соли 2026, дар назди Бозори марказии шаҳри Исфара аз дохили бордони автомашинаи тамғаи «Опел-Астар», ки ба шаҳрванд Шерматов А.Т., соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад 27 ҳазор сомониро низ дуздидааст.
Нисбати Холдоров Н.М., бо қисими 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.


















