Пиёдагарди ноболиғ бар асари садама ба ҳалокат расид
13-уми майи соли 2026 тахминан соати 13:34-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Mercedes-Benc 311”, Гадоев Маҳмадулло Изатуллоевич, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Дарёободи ноҳияи Фирдавсӣ аз самти деҳаи Чимтеппа ба самти шаҳри Ҳисор бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол Сайфиддинов Муҳаммадбашир Саидмаҳмудович соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи мазкурро, ки роҳи мошингардро аз чап ба рост давида убур менамуд, бо қисми пеши тарафи чапи автомашина пахш кардааст, ки дар натиҷа пиёдагарди хурдсол Сайфиддинов М.С., ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

















