Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти авбошӣ 

Ба ШВКД дар шаҳри Левакант аризаи шаҳрванд Акобирова Д.Д., соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 11-уми майи соли 2026, тахминан соати 10:30-дақиқа, собиқ шавҳараш Назиров Б.Ҷ., соли таваллудаш 1992, сокини ҳамин шаҳр дар назди хонаи истиқоматиашон, бе ягон асос ба ӯ дарафтода бо корди ошхонагии бо худ доштааш 3-ангушти чапи ӯро буридааст. Сокинони деҳа ин ҳолатро мушоҳида намуда, шаҳрванд Акобирова Д.Д-ро аз дасти Назиров Б.Ҷ., раҳо мекунанд, ки охирон аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.
Гумонбаршуда Назиров Б.Ҷ., аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва нисбаташ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

14.05.2026 8:26
34