Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Санаи 12-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба аз намуди таэквондо ВТ бахшида ба Рӯзи ҷавонон доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 200 нафар варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ин чорабинии варзишӣ дастаи «Динамо»-и ВКД таҳти роҳбарии муовини раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, полковники милитсия Шоҳиён А.Н. ва бо иштироки аъзои ҳайати мураббиёни «Динамо»-и ВКД — подполковники милитсия Хайдарзода Д.П. ва Шарипов Б.И. бо шумораи 40 нафар варзишгар иштирок намуданд.
Варзишгарони даста аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, соҳиби 12 медали тилло, 6 медали биринҷӣ ва 8 медали нуқра гардиданд.

14.05.2026 8:45
29