Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Хуҷанд

12 майи соли 2026, тахминан соати 08:35, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Хундай Портер» Маннонов Ғафур Мавлонович соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд аз самти давраи «Ракета» ба самти варзишгоҳи ДЮСШ, аз назди филиали бонки «Душанбе Сити», воситаи нақлиётро бо суръати баланд идора намуда, аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ набаромадааст.
Дар натиҷа автомашина аз роҳи мошингард берун шуда, пойдевори иҳотавии варзишгоҳро шикаста, вориди майдонча гардидааст ва ноболиғ Ёрматов Нурмаҳмад Муқимович, соли таваллудаш 2013, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар ҳудуди варзишгоҳ қарор дошт, пахш намудааст.
Мутаассифона, ноболиғ бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

13.05.2026 8:17
53