Машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ
13 майи соли 2026 ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазир, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҷиҳати иштирок дар Машварати роҳбарони воҳидҳои бахши криминалӣ (оперативӣ)-и вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзуи «Чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар соҳаи гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар қаламрави давлатҳои иштирокчии ИДМ» ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.
Дар кори машварат муовинони вазирони корҳои дохилии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Россия, инчунин директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфноки давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок доштанд.
Сараввал, роҳбарони ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал-лейтенант Ташпулатов Азиз Анварович ба ҳузур пазируфта, ба кори Машварат ҳусни оғоз бахшид
Зимни баргузории машварат масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва татбиқи роҳкорҳои инноватсионӣ дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар давлатҳои иштирокчии ИДМ, татбиқи онҳо дар фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин татбиқи чораҳои ҳамоҳангшуда алайҳи интернет-провайдерҳо ва дигар захираҳои интернетие, ки барои паҳн намудани воситаҳои нашъадор истифода мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои таҳияи воситаҳои барномавию техникӣ, табодули таҷрибаи амалӣ байни кормандони сохторҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми машварат қарорҳои дахлдор ҷиҳати таҳкими муқовимати дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир дар самти гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва роҳҳои пешгирии онҳо қабул карда шуданд.



















