Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Ашӯров А.Қ., соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 30-юми апрели соли 2026, тахминан соати 08:00-дақиқа, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи «Бобо-сангин» як сар чорвои калони шохдорро пинҳонӣ тасарруф намуда, ба соҳиби он Муъминов С.В., сокини шаҳри Истаравшан ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбати Ашӯров А.Қ., бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Торҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст














