Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир кардани ҷинояти авбошӣ бо истифода аз корд

Беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар пай ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. Шаҳрванд Иброҳимов Н.З., соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе бо гумони вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ  ва содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 11-уми майи соли 2026, тахминан соати 04:50-дақиқа, дар таваққуфгоҳи маркази дилхушии “Ҷавонон”, воқеъ дар кӯчаи А.Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо Хайруллозода А., соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Кӯлоб, аз ҳиссиёти авбошӣ муноқиша намуда, ӯро лату куб намудааст ва бо истифодаи корд (финка) як маротиба ба паҳлуи чапи шикамаш ва як маротиба ба тахтапушти тарафи чапаш зарба задааст. 
Дар натиҷа Хайруллозода А., ҷароҳат бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

12.05.2026 8:40
52