Зани қаблан судшуда даст ба ғоратгарӣ зад
Шаҳрванд Аёзова М.Д., соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ суд шудааст, ислоҳнопазир боқӣ монда, боз аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 7-уми майи соли 2026, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ошкоро аз дасти Холмуродов Х.А., соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А56”, арзишаш 1 ҳазору 700-сомонӣ ва аз ҷайбаш 170-сомониро тасарруф намудааст.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 870-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот ба роҳ монда шудааст.















