Шарҳи садамаҳои нақлиётии марговар
Риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аломатҳои дар роҳ насбгардида, инчунин суръатафзоӣ ва сабқати нодуруст метавонад ҳар лаҳза боиси сар задани садамаҳои нохуши нақлиётӣ гардад. Чунин муносибати ронандагон сабабгори канда шудани риштаи умри худи онҳо ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегардад.
Аз ҷумла, 9-уми майи соли 2026, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Бобоев Хайримад Идимадович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди мавзеи Отабузи ноҳияи мазкур ба муқобили самти ҳаркат баромада, бо автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки таҳти идораи Раҳматов Умед Асадуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Фархор қарор дошт, бармехурад. Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра” Бобоев Хайримад ва мусофираш Зарипов Мирзохон Занҷирович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи мазкур ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, 9-уми майи соли 2026, тахминан соати 06:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «ZEEKR 7 X», Расулзода Нурзоди Беҳзод, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Лабо», ки барои таъмири чархаш дар канори рости роҳ меистод бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Лабо» Мамадиев Санҷар Абдураҳимович соли таваллудаш 1986 сокини ноҳияи Деваштич мусофирон Рӯзибоева Мадина Ботировна, соли таваллудаш 1986 ва духтараш Мамадиева Гулсевар Санҷаровна, соли таваллудаш 2007, сокинони ноҳияи Спитамен, ки дар назди автомашина қарор доштан аз ҷароҳатҳои гуногуни бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ба ин монанд, 9-уми майи соли 2026, тахминан соати 22:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Рав 4», Муродов Набишоҳ Азамтиллоевич, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар дохили деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Бегмуродов Садриддин Салоҳиддинович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Ҳангоми ба беморхона дастрас намудан пиёдагард ба ҳалокат расидааст.
10-уми макйи соли 2026, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерсадес-Бенс», Ҳусейнов Мафрӯз Манучеҳрович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард берун баромада ба чуқурии канори роҳ чапа шудааст.
Дар натиҷа худи ронанда Ҳусейнов Мафрӯз ҷароҳати гуногун бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 10-уми майи соли 2026, тахминан соати 12:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай портер”, Бахтовари Бахтиёр, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Заркорон ба роҳи асосии деҳаи мазкур ҳаракат кардан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Бозоров Муҳсиддин Холбобоевич, соли таваллудаш 2022, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот ба роҳ монда шудааст.
Бо пешниҳоди хабарҳои мазкур аз ронандагон талаб карда мешавад, ки ба қоидаситезӣ роҳ надиҳанд, ҳаёти худ ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар намонанд.















