Ҳалокати мусофир бар асари садамаи нақлиётӣ
8-уми августи соли 2026, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи барқии тамғаи “NETA-U”, Салимов Некруз Шарифбекович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан аз самти маркази ноҳияи Данғара ба самти ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардони ноболиғ Сайдуллозода Фотима Изатулло, соли таваллудаш 2018 ва Шамсуллоев Яҳё Изатулло, соли таваллудаш 2021, сокинони ноҳияи Данғараро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Сайдуллозода Ф.И. ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ноболиғ Шамсуллоев Я.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мебошад
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
















