Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо курсантони бахши фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва шунавандагони факултети 1-уми  Академияи ВКД

8-майи соли 2026 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар факултети рақами 6-и Академияи ВКД бо омӯзгорону курсантони бахши фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва шунавандагони факултети 1-уми ин боргоҳи илм вохӯрӣ доир намуда, дар самти назария ва амалияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо онҳо суҳбати озоду муфид анҷом дод.
Дар оғоз Вазири корҳои дохилӣ аз ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, аз курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардашуда, курсантон ва шунавандагонро мебояд бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, мутахссиси соҳаи интихобнамудаи худ гарданд. 
Зикр гардид, ки яке аз самтҳои асосии соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъмини амнияти давлатӣ ва муқовимат ба ҷинояткорӣ равона гардидааст, ин фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба шумор меравад ва барои ба амал баровардани фаъолияти касбӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон имрӯз тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуд мебошад.
Таъкид гардид, ки маҳз дар замони истиқлоли давлатӣ ба асосҳои бунёдии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ заминаи воқеӣ гузошта шуда, ин соҳа аз доираи фаъолияти амалӣ ба бахши муҳими илми ҳуқуқ мубаддал гардидааст. 
Вазири корҳои дохилӣ вобаста ба амалисозии чорабиниҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳуҷҷатгузории ин шакли фаъолият суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои муваффақ шудан дар ин самти фаъолият корманди оперативӣ бояд  дониши мукаммал ва малакаи баланди касбӣ дошта бошад.   
Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳо ҳар як корманди оперативӣ бояд донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад, ки ин тавассути хониши китобҳои бадеӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда мешавад.  
Дар анҷоми вохӯрӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба курсантон тавсия дод, ки ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ донишҳои назариявии худро такмил диҳанд ва нозукиву алоқамандии ин самти фаъолиятро бо дигар соҳаҳои қонунгузорӣ омӯзанд ва аз худ намоянд. Инчунин зимни суҳбати озод курсантон ба Вазири корҳои дохилӣ оид ба ин самти фаъолият саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.  
Ҳамзамон, аз асарҳои илмию омӯзишии факултети рақами 6-и Академияи ВКД Вазири корҳои дохилӣ дидан намуд.

08.05.2026 15:28
133