Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ду ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза Идизода Акбаршоҳ Маҳмадназар  соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 28-уми апрели соли 2026, тахминан соати 12:00 Сарадбекова Руина Шарофовна , соли таваллудаш 2006, сокини пойтахт, ки дар хонаи зисташ иҷоранишин мебошад, аз манзили истиқоматиаш бо роҳи пинҳонӣ 23 ҳазору 680-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Милитсия дар асоси аризаи ҷабрдида ва бо дарёфти далели шаъйӣ гумонбарро дастгир намуд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки Давлатов Валиҷон Ёрмаҳмадович , соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Нуробод, моҳи сентябри соли 2025 бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Таги-Чинори ноҳияи мазкур ду сар чорвои майдаи шохдорро, ки ба шаҳрвандон, Аҳмадов Сайҷалол Ёрмаҳмадович , соли таваллудаш 1968 ва Аҳмадов Сайёд Ҷумаҳмадович, соли таваллудаш 1986, сокинони ноҳияи Нуробод тааллуқ доштаанд тасарруф намудааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гумонбаршаванда, такроран аввалҳои моҳи феврали соли 2026, аз оғилхонаи Саидов Сайфулло Азимович , соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Нуробод, як сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда се ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати Давлатов Валиҷон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

08.05.2026 8:26
25