Мулоқоти судманд бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея
6-уми майи соли 2026 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, киберҷиноятҳо (қаллобии онлайнӣ), терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ ва Ҷон Сонг Шик ҷиҳати тақвият бахшидани курсҳои бозомӯзӣ, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва дигар самтҳои фаъолият ба мувофиқа расиданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷиҳати рушду нумуъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният изҳори боварӣ карда шуд.
















