Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ҷавони 23-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми апрели соли 2026, тахминан соати 20:00 ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар кӯчаи Испечаки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо роҳи зуроварӣ ва ошкоро 1-адад телефони мобилиаш тамғаи «Роко», ки арзишаш 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. 
Аз рӯи ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

06.05.2026 8:26
18