Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оғози корҳои сохтмони маҷмааи биноҳои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Муассисаи нақлиётии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду бинои панҷошёна бо таҳхона ва як бинои якошёна иборат хоҳад буд. Дар иншоот ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири техникӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхона пешбинӣ гардида, дар саҳни он майдончаи варзишӣ ва таваққуфгоҳ бо имконияти ҷойгир намудани то 300 воситаи нақлиёт дар як вақт ташкил карда мешавад.
Ҳамзамон, дар Муассисаи нақлиётӣ нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт, нуқтаи таъмини сӯзишворӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.
Бояд гуфт, ки маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ суботу оромӣ дар ҷомеа таъмин гардида, шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон фароҳам оварда мешавад. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба беҳтар намудани шароити хизматӣ ва иҷтимоии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Бунёди биноҳои нави шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, муассисаҳои нақлиётӣ ва бахшҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ қадами муҳим дар ин самт арзёбӣ мегардад. Иншооти муосир бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои фаъолияти самараноки кормандон, қабули саривақтии шаҳрвандон ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Фароҳам овардани чунин шароити муосири корӣ на танҳо самаранокии фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқро боло мебарад, балки руҳияи онҳоро низ таҳким бахшида, ба иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ мусоидат мекунад.

05.05.2026 12:13
71