Ошкор шудани ҳолати дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми апрели соли 2026, тахминан соати 08:00 дар назди НФС “Газпром”, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз дохили нақлиёти тамғаи “Тайёта Кемри”, ки ба марди 33-солаи сокини ноҳияи Восеъ тааллуқ дорад, 1-адад планшети тамғаи “Самсунг”, ки арзишаш 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.














