Ҳалокати ду мусофир бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ
25-уми апрели соли 2026, тахминан соати 15:00 ронанда автомашинаи тамғаи “ЛЕКСУС GS-350”, Муҳаммадшои Давлатшо, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чилдухтарон ба самти маркази ноҳияи Муъминобод, дар ҳудуди деҳаи Дашти Ар-Ари ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар нишебии тахминан 35-40-метр чапа намудааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Мадинаи Хайрулло, соли таваллудаш 1998, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда Муҳаммадшои Д. ҷароҳати ҷисмони бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
26-уми апрели соли 2026, тахминан соати 12:00 дар километри 207-уми шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Рашт-Тоҷикобод”, воқеъ дар марказӣ деҳаи Сафедмуйи ҷамоати деҳоти Қалаъаи Лабиоби ноҳияи Тоҷикобод, автомашинаи тамғаи “Митсубиши”, таҳти идораи Ҳасани Давлатхўҷа, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи мазкур ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, таҳти идораи ронандаи Муқимов Изатулло Ҷалолиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷайҳун бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Юсупова Кибрё Абдуллоевна, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳат бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири дигар Муҳтоҷов Ёрибег Муродбекович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















