Соҳибкории ғайриқонунӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо фаъолияти соҳибкори ғайриқонунї машғул шуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигарон бидуни бақайдгирии давлатӣ ба фаъолияти соҳибкори воридоти гумрукӣ молҳо аз ҷумла воситаҳои нақлиёт, бо мақсади аз пардохти ҳатмии андоз озод гардидан, дар давраҳои моҳи сентябри соли 2024 то моҳи феврали 2026 сол аз кишвари Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 99-адад воситаҳои нақлиёти (электромобил) ба номи шахсони алоҳида ҳамсараш, модараш ва хешовандонаш ворид ва ба фурўш гузошта, ба миқдори 16 милиону 153 ҳазору 747-сомонӣ даромад ба даст оварда, маблағи андозҳоро ба миқдори 1 милиону 423 ҳазору 497-сомониро насупорида, ба манфиати давлат зарари махсусан калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















