Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи технология, алоқа ва итиллооти Москва
23 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи технология, алоқа ва иттилооти шаҳри Москваи Федератсияи Россия вохӯрии муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ баргузор гардид.
Мавриди қайд аст, ки дар донишгоҳи мазкур 115 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар курсҳои гуногун таҳсил мекунанд.
Пеш аз оғози вохӯрӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо ноиби ректори донишгоҳи мазкур Сидоркина Ирина Юревна ҳамсӯҳбат шуда, оид ба донишандӯзӣ, ҳолати буду бош, риояи реҷаи муассиса аз тарафи донишҷӯёни тоҷикистонӣ, давомот, муоширату муносибат байни толибилмон, ҳамчунин муносибати онҳо бо дигар намояндагони миллату халқиятҳое, ки дар донишгоҳ таълим мегиранд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Эродҳои ҷузъӣ аз ҷониби роҳбарияти муассисаи олии таълимӣ иброз гардиданд, ки дар вақти суҳбати озод ба толибилмон расонида шуд.
Дар ҷараёни суҳбати пурмӯҳтаво атрофи пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, экстремистӣ, риояи қотеъонаи реҷаи муассиса, саривақт ҳозиршавии донишҷӯён ба дарсҳо, риояи сару либос, намуди зоҳирӣ ва нишон додани фарҳанги баланди миллӣ дар хориҷи кишвар ибрози андеша карда шуд.
Дар ҳамин радиф ба ҳозирин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуда, доир ба ғамхорӣ ва муҳайё намудани шароит ҷиҳати донишандӯзии ҷавонон таъкид карда шуд.





















